Сентябр 16, 2020 20:12 Asia/Dushanbe
  • Қонуни шаҳрвандии Ӯзбекистон тасҳил шуд

Қонуни ислоҳшудаи эътои шаҳрвандии кишвари Ӯзбекистон, ки шароити тобеияти ин кишварро осон кардааст, вориди марҳилаи иҷроӣ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз ИРНА, бар асоси қонуни ҷадид , афроде, ки дар Ӯзбекистон мутаваллид шуда, аммо хориҷ аз ин кишвар сокин буда ва шаҳрванди Ӯзбекистон нестанд метавонанд тобеъияти ин кишварро касб кунанд ва монанди гузашта ба шарти сукунат дар ин кишвар ба муддати ҳадди ақал  5 сол ниёзе надоранд. Ҳамчунин афроде, ки пеш аз аввали январи 1995 вориди ин кишвар шуда ва ба таври қонунӣ бидуни касби шаҳрвандӣ сокини ин кишвар будаанд дар сурате, ки муҷаввизи сукунат дошта ва пеш аз тасвиби ин қонун бе тобеият будаанд , билофосила ба унвони шаҳрванди Ӯзбекистони шиносоӣ хоҳанд шуд. Мутобиқи қонуни ҷадид , кӯдаконе, ки волидайни онҳо ба унвони шаҳрванди Ӯзбекистон шиносоӣ шаванд низ худ билофосила  шаҳрванди ин кишвар хоҳанд буд . Бар асоси ин қонун ҳамчунин афроде, ки аз 28 июл 1992 ба таври доимӣ дар Ӯзбекистон сокин буда ва табааи ҳеҷ кишвари хориҷӣ ҳам нестанд ба унвони шаҳрванди Ӯзбекистон шиносоӣ мешаванд , ба шарте, ки ба таври қонунӣ хости худро барои касби шаҳрвандӣ эълом кунанд . Бар асоси ин қонун  афроди довталаб  шаҳрвандии Ӯзбекистон шавад бояд қодир ба иртибот ба забони ӯзбекӣ бошанд ва шаҳрвандии сойири кишварҳоро рад кунанд, зеро ин кишвар тобеъияти дугонаро ба расмияти наме‌шносад .

 Фароянди касби шаҳрвандии Ӯзбакистон то замони марги Исломи Каримов, аввалин Раиси Ҷумҳурии ин кишвар дар соли 2016 печида ва душвор буд .

Аз замони истиқлол  ин кишвар дар соли 1991 то 2007 танҳо 482 фард бе тобеият муваффақ шуданд шаҳрвандии Ӯзбаекистонро касб кунанд ва байни солҳои 2007 то 2016 ҳатто ба як нафар  ҳам шаҳрвандии Ӯзбекистон эъто нашуд.Аммо Мирзиёев аз замони раёсати ҷумҳуиаш дар соли 2016 токунун ба 9 ҳазору 443 нафар тобеият дода аст .