Мушорикати 56 дарсадӣ дар интихоботи порлумонии Қирғизистон
Октябр 05, 2020 13:00 Asia/Dushanbe
Бар асоси натоиҷи аввалияи интихоботи порлумонии Қирғизистон ҳудуди 56 дарсади мардум дар ин интихобот ширкат карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, масъулони интихоботи порлумонии Қирғизистон бо ишора ба ҳузури як миллиону 980 ҳазору 240 нафар дар интихоботи ин кишвар, мизони мушорикатро 56. 2 дарсад эълом карданд.
Шумориши оро дар марокизи раъйгирӣ ба таври дастӣ анҷом шуд.
Кумитаи иҷроии марказӣ натиҷаи ниҳоии интихоботи аъзои порлумонро зарфи 20 рӯз эълом хоҳад кард.
Порлумони Қирғизистон, ки баъд аз ҳамапурсии қонуни асосӣ дар соли 2010 дучорт тағйир шуд, ҳамакнун бо доштани 120 намоянда олитарин ниҳоди тасмимгирӣ дар он кишвар аст.