Беморхонаи махсусгардонидашудаи Эрон дар Бомиёни Афғонистон дар арафаи анҷомёбист
(last modified Tue, 06 Oct 2020 14:00:23 GMT )
Октябр 06, 2020 19:00 Asia/Dushanbe
  • 
Беморхонаи махсусгардонидашудаи Эрон дар Бомиёни Афғонистон дар арафаи анҷомёбист

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон гуфт бемористони тахассусии вилояти Бомиён, ки Эрон дар ҳоли сохти он аст ба зудӣ такмил хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИРНА, дафтари матбуотии вилояти Бомиёни Афғонистон эълом кард, ки сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул Баҳодур Аминиён, дар сафар ба ин вилоят бо мақомҳои маҳаллӣ дидор ва бар ҳамкориҳои дуҷонибаи Эрон ва Афғонистон дар заминаи иқтисодӣ , илмӣ, фарҳангӣ ва тавсеа таъкид кард .
Аминиён гуфт бо такмил шудани бемористони Бомиён, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоли сохти он аст хадамоти беҳдоштии беҳтар ба беморон  ироа хоҳад шуд .
Саиданвар Аъло Раҳматӣ волии Бомиён низ зимни хушомдгўӣ  ба сафири Эрон, аз ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои мухталиф бо давлати Афғонистон қадрдонӣ кард ва гуфт вилояти Бомиён аз зарфиятҳои хубе барои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф бархурдор аст .
Раҳматӣ таъкид кард, ки идораи маҳаллии Бомиён аз кишварҳое, ки алоқаманди сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи тавсеа дар ин вилоят ҳастанд ба гармӣ истиқбол мекунад .