Ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Туркманистон дар Ишқобод
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i117660
Ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар Ишқобод баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 25, 2024 17:56 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои мақомоти Тоҷикистону Туркманистон
    Ройзаниҳои мақомоти Тоҷикистону Туркманистон

Ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон дар Ишқобод баргузор шуд.

Дар шаҳри Ишқобод ройзаниҳои сиёсӣ дар сатҳи руасои воҳидҳои сохтории вазоратхонаҳои умури хориҷаи Тоҷикистону Туркманистон дар мавзӯоти барномарезии сиёсати хориҷӣ, фаъолияти консулӣ ва масоили персоналӣ баргузор шуд.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарафайн дар мавриди масоили марбут ба фаъолиятҳои таҳлилӣ дар низоми сиёсати хориҷӣ, тавсеаи ҳирфаӣ ва омӯзиши мутахассисон дар заминаи хадамоти диплотик ва ҳамчунин равобити консулӣ, ҳимоят аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар кишварҳои хориҷӣ табодули назар карданд.