Октябр 09, 2020 18:31 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз таҳаввулоти Қирғизистон

Раисони ҷумҳурии чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ дар баёнияе муштарак аз ҳаводиси ахири Қирғизистон ибрози нигаронии ҷиддӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, раисони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон дар баёнияи худ дар вокуниш ба таҳаввулоти рӯзҳои ахир дар Қирғизистон, бо ишора ба пайвандҳои дӯстии чандқарнӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, арзишҳои фарҳангиву маънавии муштарак, аз мардуми Қирғизистон хостанд дар ин рӯзҳои душвор барои ҳифзи сулҳу барқарории субот дар кишварашон хиради зотии худро ба намоиш гузоранд.

Раҳмон, Токаев, Мирзиёев ва Бердимуҳаммадов ибрози умедворӣ кардаанд, ки ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва маҳофили иҷтимоии Қирғизистон бо риояти қотеи қонуни асосӣ ва қавонини миллӣ, талошҳои лозимро барои таъмини сулҳу оромиш ва ҳаллу фасли масоили бавуҷудомада ба кор банданд.

Имзокунандагони ин баёния равнақи Қирғизистонро омили муҳими амнияти минтақаӣ ва тавсеаи пойдори Осиё Марказӣ донистанд ва афзуданд: Мардуми Осиёи Марказӣ ба лиҳози торихӣ бо талош барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор, дарки мутақобил ва созандагӣ ба нафъи наслҳои оянда бо ҳам муттаҳид ҳастанд, гузаштаи муштарак доранд ва ояндаи муштаракеро хоҳанд сохт ва ба таври фаъол ҳамкориҳои минтақаиро барои густариши таомулоти тиҷориву иқтисодӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот, равобити фарҳангиву инсонӣ, марзӣ ва байниминтақаӣ тақвият хоҳанд кард.

Раисони ҷумҳурии чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ таъкид кардаанд, ки дар масири тақвияти бештари ҳамбастагии минтақаӣ, ҳамеша аз мардуми Қирғизистон дар талош барои иттиҳод, сулҳ, тавсеаи мустақил ва рифоҳ ҳимоят хоҳанд кард.

Дар пайи эътирозоти густардаи мухолифони давлати Қирғизистон ба натоиҷи интихоботи порлумонии ахир дар ин кишвар, ин интихобот ботил шуда, нахуствазири Қирғизистон истеъфо ва раиси ҷумҳурии ин кишвар низ барои истеъфо эъломи омодагӣ кардааст.

 

 

Барчасп