Октябр 10, 2020 22:46 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири ҷадиди Қирғизистон интихоб шуд

Парламенти Қирғизистон Садир Ҷапаровро ба нахуствазирии ин кишвар интихоб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, нахуствазири ҷадиди Қирғизистон  ҳафтаи гузашта пас аз тасхири кохи давлатии ин кишвар ба дасти тазоҳуркунандагон, аз зиндон озод шуд.

Садир Ҷапаров дар соли 2017 ба ҷурми созмондиҳии раҳпаймоӣ ва гаравгонгирии остондори минтақаи Иссиқкӯл ба 11 солу ним зиндон маҳкум шуда буд.

Ҷапаров дар нишасти изтирории парламенти Қирғизистон барои мушаххас кардани нахуствазир гуфт Сооронбай Жээнбеков Раиси Ҷумҳурии ин кишвар низ ба маҳзи ин, ки намояндагони барнома ва сохтори давлатро тасвиб кунанд, омодаи истеъфо аст.

Хабари дигар аз Қирғизистон ин, ки комитети амнияти миллии ин кишвар эълом кард Раиси Ҷумҳури собиқ Алмазбек Атамбаев, ки шаби 6 октябр ба дасти гуруҳҳои мӯътариз аз зиндони комитети амнияти миллӣ озод шуда буд бори дигар боздошт шуд. 

Атамбаев дар чорчӯби парвандаи кайфарии созмондиҳии нобасомониҳои ҷамъӣ дар Бишкек боздошт шуд. 

Барчасп