Октябр 14, 2020 17:47 Asia/Dushanbe
  • Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз аввали январи соли 2021 фаъолияти ҷадиди худро оғоз мекунад.
    Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз аввали январи соли 2021 фаъолияти ҷадиди худро оғоз мекунад.

Ӯзбекистон барои нахустин бор дар се соли охир бо аксарияти овозҳо узви Шӯрои ҳуқуқи башари СММ интихоб шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Шӯрои ҳуқуқи башари СММ аз аввали январи соли 2021 фаъолияти худро оғоз хоҳад кард.

Барои ҳузур дар ин шӯро  15 кишвар  Боливия, Чин, соҳили Оҷ, Габон, Кубо, Фаронса, Малавӣ, Мексика, Непол, Покистон, Русия, Сенегал, Украин, Ӯзбекистон, Англия интихоб шуданд .
Шӯрои ҳуқуқи башар  яке аз созмонҳои зермаҷмӯаи Маҷмаи Умумии Созмони милал ба шумор меравад, ки шомили 47 кишвар аст .
Аъзоии шӯрои  ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид бо раъйи махфӣ ба муддати 3 сол интихоб мешаванд .  
 Ӯзбекистон  дувуми марти соли 1992 ба Созмони Милали Муттаҳид пайвастааст.