Раиси ҷумҳурии Қирғизистон истеъфо кард
(last modified Thu, 15 Oct 2020 10:42:19 GMT )
Октябр 15, 2020 15:42 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳурии Қирғизистон истеъфо дод
    Раиси ҷумҳурии Қирғизистон истеъфо дод

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон имрӯз, панҷшанбе дар пайи нооромиҳои пас аз интихоботи порлумонии якшанбеи ҳафтаи гузашта, аз мақоми худ канорагирӣ кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “КГ-24”, Соронбой Жээнбек‌ов дар баёнияе бо ишора ба идомаи танишҳои сиёсӣ дар Қирғизистон таъкид кард: "ҳифзи тамомияти кишвар ва иттиҳоди мардум ва оромиши ҷомеа барои ӯ болотарин авлавият аст".

Вай ҳамчунин аз тарафҳои мунозиаи сиёсӣ хост, ки ба иқдомоти таҳрикомез поён диҳанд.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон рӯзи ҷумъаи гузашта бо эъломи вазъи изтирорӣ дар шаҳри Бишкек - пойтахт, аз артиш хост то ба нооромиҳои интихоботӣ ва даргирии хиёбонии ҳаводорони аҳзоби сиёсӣ поён диҳад.

Нооромиҳои Қирғизистон пас аз баргузории интихоботи порлумонии рӯзи якшанбеи 4 октябр оғоз шуд.

Бар асоси натоиҷи эъломшуда, чаҳор ҳизб ба порлумон роҳ ёфта ва 12 ҳизби дигар ҳадди нисоби 7 дарсадии оро барои вуруд ба порлумони 120 нафарии ин кишварро касб накарда буданд.

Комиссияи интихоботи Қирғизистон рӯзи сешанбеи 15 меҳрмоҳ дар пайи тазоҳурот ва нооромиҳо натиҷаи интихоботи порлумониро ботил кард.

 

Бештар бихонед: