Октябр 20, 2020 18:55 Asia/Dushanbe

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки рӯзи якшанбе барои сафаре серӯза вориди Эрон шуд, дар мусоҳиба бо ИРНА дар бораи душвориҳои музокира бо Толибон ва интизорот аз он ва низ таъсири интихоботи Амрико бар музокироти сулҳ сухан гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳамчунин аз нақшу мавзеи Эрон дар музокироти сулҳи байниафғонӣ қадрдонӣ кард.

Таъкиди Теҳрон бар ҳимоят аз раванди сулҳ ва барқарории субот дар Афғонистон

Музокироти сулҳ байни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон аз 12 сентябр дар Доҳаи Қатар оғоз шудааст.