Октябр 24, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
  • Шумори мубталоён ва ҷон бохтагони куруно дар Осиёи Марказӣ нигаронкунанда аст
    Шумори мубталоён ва ҷон бохтагони куруно дар Осиёи Марказӣ нигаронкунанда аст

Марокизи беҳдоштӣ дар ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон бо таъйиди афзоиши камсобиқаи шумори қурбониён ва мубталоён ба вируси куруно, ташдиди риояти усӯли беҳдоштӣ аз тарафи шаҳрвандонро хостор шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вазорати беҳдошти Қирғтзистон дар баёнияе бо таъйиди ибтилои 582 нафари дигар аз шаҳрвандони ин кишвар ба вируси куруно эълом кард, шиносоии ин теъдод мубтало аз замони шуюи вируси куруно дар Қирғизистон бесобиқа будааст.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон афзуд, аз маҷмӯи ҳудӯди 47 ҳазор мубтало ба вируси куруно дар ин кишвар, ҳазору 126 нафар ҷон бохтаанд.

Вазорати беҳдошти Қазоқистон ҳам бо эъломи шиносоии 179 мавриди ҷадиди ибтило ба куруно, омори фавтиҳо дар 24 соати гузашта бар асари ин бемориро 5 тан эълом кард.

Ба ин тартиб, теъдоди кули афроди мубтало ба куруно дар Қазоқистон токунӯн ба 110 ҳазору 86 нафар ва шумори ҷон бохтагон ба ҳазору 811 нафар расидааст.

Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон ҳам эълом кард, бо ибтилои 115 тани дигар шумори мубталоён ба куруно дар ин кишвар ба 64 ҳазору 633 нафар расидааст.

Ин вазоратхона ҳамчунин марги 541 шаҳрванди узбакистонӣ бар асари ибтило ба куруноро таъйид кардааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам аз ибтилои беш аз 10 ҳазору 653 нафар ба куруно дар ин кишвар ва марги 81 тан бар асари ин беморӣ хабар додааст.

БЕШТАР БИХОНЕД:

Мақоми нахусти Тоҷикистон дар омори фавтиҳои куруно дар Осиёи Марказӣ

Афзоиши мубталоён ба куруно дар Узбакистон ва тамдиди таваққуфи фаъолияти хутути рейлӣ дар Туркманистон

Интишори вируси маргбортар аз куруно дар Қазоқистон

Туркманистон аз инкори куруно то иҷбор маск задан

 

Барчасп