Октябр 31, 2020 23:07 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқ барои хориҷ кардани муҳочирони тоҷикистонӣ аз Қазоқистон
    Тавофуқ барои хориҷ кардани муҳочирони тоҷикистонӣ аз Қазоқистон

Ба асоси тавофуқи Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ва ҳукумати Қазоқистон охири ҳар моҳ барои хориҷ кардани коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои онон марз бозгушоӣ хоҳад шуд.

Бу гузориши радиои тоҷикки Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ Ти Ҷи, аз ин пас қарор аст марзбонони Қазоқистон охири ҳар моҳ як бо гузаргоҳи марзӣ бо Ӯзбекистон ба номи Жибек Жулиро боз кунанд то бо мусоидати Созмони ҷаҳонии муҳоҷират, коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик аз қаламрави Ӯзбекистон ба вилояти Суғд мунтақил шаванд.

Ба далели густариши вируси корона теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик, ки бо густариши корона дар Қазоқистон бекоршуда ва қасди бозгашт ба Тоҷикистонро доранд ба иллати баста будани марзҳо бо мушкил рубарӯ шудаанд.

Корона ва бекор шудани муҳоҷирони тоҷик

Шакарбек Нурмуҳаммедов масъули Созмони коргарони муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Қарагандаи Қазоқистон мегӯяд: "10 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин минтақа дар сохтмонсозӣ ва тиҷорат мекарданд, ки ба делели густариши вируси корона аксари онон бекор шудаанд."

Ба гуфтаи вай акнун аз 100 нафар аз коргарони муҳоҷири бекоршудаи тоҷик ва аъзои хонаводаҳои оно аз шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон дар Қараганда дар марзи ин кишвар бо Ӯзбекистон ҷамъшудаанд, ки бо автобусҳо ва мусоидати Созмони ҷаҳонии муҳоҷират ба вилояти Суғд мунтақил мешаванд.

Қазоқистон пас аз Русия дуввумин кишвари пазироии коргарони муҳоҷири тоҷик аст.

Мақомоти Остона дар паи густариши вируси корона аз тамдиди иқомати коргарони бекоршудаи хориҷӣ худдорӣ кардаанд ва ин афрод бояд ба кишварҳои хеш бозгарданд.

 Бештар бихонед:

Барчасп