Ноябр 17, 2020 13:25 Asia/Dushanbe
  • Ин гузаргоҳ гузаргоҳи нави марзӣ бо Узбакистон хоҳад буд
    Ин гузаргоҳ гузаргоҳи нави марзӣ бо Узбакистон хоҳад буд

Гузаргоҳи нави марзӣ бо номи Санҷидзор байни ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ва Ӯзбекистон боз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи раёсати вилояти Суғд, ин гузаргоҳ, ки гузаргоҳи нав бо кишвари Ӯзбекистон хоҳад буд бо ҳузури Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ин вилоят ва Раиси корҳои дохилии Тоҷикистон генерал Рамазон Раҳимзода ифтитоҳ шуд.

Сохтмони гузаргоҳи марзӣ, ки дорои казарма, дарсҳои таълимӣ, ошхонаҳо, анборҳои силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ мебошад, се сол пеш аз маҳалли  буҷаи вилояти Суғд оғоз ёфт.

Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 20 гузаргоҳи марзӣ вуҷуд дорад, ки 16 гузаргоҳ дар вилояти Суғд воқеъ шудааст.

Гузаргоҳи Санҷидзор рафтуомади васоили нақлия ва мусофирон миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро осонтар мекунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп