Июл 02, 2024 10:49 Asia/Dushanbe

Конфронси " Нақши занон дар татбиқи барномаҳои давлатӣ " дар Суғд баргузор шуд.

 Ба гузориши Ховар ба нақл аз Вазорати умури дохила, аъзои шӯрои занони раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Суғд, конфронсеро бо унвони " Нақши занон дар татбиқи барномаҳои давлатӣ " баргузор ва дар мавриди мавзӯъоти марбут ба фаъолиятҳои занон дар органҳои умури дохилӣ баҳс ва табодули назар карданд.

 Ба гуфтаи муовини раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Суғд, Ҳотамшоҳ Содиқзода, мушорикати занон дар органҳои дохилӣ барои таъмини назми қонунӣ дар ҷараёни рӯйдодҳо, пешгирӣ ва ифшои иқдомоти хатарнок барои ҷомеа, анҷоми фаъолиятҳои омӯзишӣ ба манзури таъмини амният, афзоиши дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва дигар иқдомоти созанда ба нафъи ҷомеа қобили таваҷҷуҳ аст.

 Дар ин конфронс таъкид шуд, ки беҳбуди ҷойгоҳи Зан-Модар дар дастгоҳҳои идорӣ, эҷоди шароит барои таҳсил ва кор дар сохторҳои муҳимми кишвар барои занон намунаи бузурги эҳтиром ба зан-модар аст. Нишонаи эътимод ба истеъдод ва кори ҷинси латиф одилона дар ин воқеият мунъакис шудааст, ки имрӯз занони тоҷик дар канори мардон дар сохторҳои қудратӣ аз ҷумла органҳои умур дохилӣ истодаанд ва бо ифтихор дар заминаҳои ёрии таъҷилӣ ва таҳқиқот, пизишкии қонунӣ ва ҳифозат аз мардум кор мекунанд.

 

Барчасп