Масири Узбакистон ва Қирғизистон барои бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик арзонтар аст
Бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷикистонии бекор шуда дар Русия ба кишварашон аз масирҳои Узбакистону Қирғизистон барои онон арзонтар тамом мешавад.
Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, ширкати “Сомон Эйр” қимати билети ҳавопаймо аз Маскав ба Душанберо 395 евро таъйин карда ва ин дар ҳоле аст, ки парвоз ба шаҳрҳои Узбакистону Қирғизистон ба маротиб арзотар аст.
Чунон чӣ қимати билет аз шаҳрҳои Русия ба Самарқанд 25 ҳазор рубли русӣ аст ва тоҷикҳо ҳазор то ҳазору 500 рубли дигарро барои ронандагони таксиҳо то марзи Тоҷикистон пардохт мекунанд.
Ҳамчунин тоҷикҳои дорои тобеияти Русия, ки бо ширкатҳои ҳавопаймоии русӣ ба Қирғизистон меоянд, аз шаҳри Уши ин кишвар то Хуҷанди Тоҷикистон барои хадамоти таксӣ 150 то 200 сомонӣ пардохт мекунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки парвоз бо ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” барои онон то 47 ҳазор рубл ҳазина хоҳад дошт.
Аз ин рӯ, парвоз ба шаҳрҳои Узбакистону Қирғизистон барои бозгашти коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия 8 то 15 ҳазор рубл арзонтар тамом мешавад.
Албатта масъулони ин ширкат далел гарон шудани қимати билетро такмили танҳо 60 дарсади сандалиҳо барои ҷилавгирӣ аз густариши Ковид 19, гаронии сӯхт ва ҳазинаҳои ҷонибӣ ба манзури хариди маводи зиддиуфунӣ унвон мекунанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- 80 дарсад даромади коргарони муҳоҷир барои хӯрок ҳазина мешавад
- Ифттитоҳи марокизи кумак ба коргарони муҳоҷир дар 18 минтақаи Русия