Таъкиди Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар густариши ҳамкориҳои нақлиётии ду кишвар
(last modified Thu, 03 Dec 2020 08:26:28 GMT )
Декабр 03, 2020 13:26 Asia/Dushanbe
  • Дар ин нишаст роҷеъ ба имзои созшномаи 20 солаи нақлиёти заминӣ табодули назар шуд
    Дар ин нишаст роҷеъ ба имзои созшномаи 20 солаи нақлиёти заминӣ табодули назар шуд

Муовинони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар зарурати густариши ҳамкориҳои ҳамлунақлии ҷодаӣ миёни ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши сомонаи “Авесто, дар чорчӯби нишасти камиссиюни муштараки ҳамкориҳои ҳамлинақли ҷодаии ду кишвар, ки ба раёсати Шоиста Сайидмуродзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Даврон Деҳқонов, муовини вазири нақлиёти Ӯзбакистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, тарафҳо бар зарурати густариши равобит дар бахши ҳамлунақлӣ дар шароити густариши Ковид -19 таъкид карданд.

  • Дар ин нишаст роҷеъ ба ифтитоҳи масирҳои ҷадиди ҳамлунақли мусофирӣ ва борӣ, эътои тасҳилоти бештари транзитӣ, имзои созишномаи 20 солаи ҳамкориҳои ҳамлунақли ҷодаӣ ва кумак ба омаду рафти васоили нақлияи ду кишвар дар масирҳои байналмилалӣ баҳсу табодули назар шуд.

Ҳамчунин дар ин нишаст мавзӯи истифода аз фанновариҳои ҷадиди диҷиталӣ барои танзими барномаҳои транзити колову маҳсулоти ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Бештар бихонед: