Гушоиши марзҳои Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо
(last modified Sun, 06 Dec 2020 06:27:47 GMT )
Декабр 06, 2020 11:27 Asia/Dushanbe
  • Гушоиши марзҳои Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо

Давлати Қирғизистон марзҳои худро ба рӯи шаҳрвандони тамомии кишварҳо ба таври машрӯт бозгушоӣ кардааст.

Ба гузориши Франс Пресс, вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар баёнияе эълом кард, аз рӯзи ҷумъа чаҳоруми декабр ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бо шароити хос вориди Қирғизистон шаванд.

Дар баёнияи вазорати  умури хориҷаи Қирғизистон омадааст: “аз шаҳрвандони хориҷӣ пас аз вурӯд ба ин кишвари тести корона (PCR) гирифта мешавад.

Марз‌ҳои Қирғизистон аз замони шуюи вируси корона ба рӯи кишварҳо баста шуда буд.

Токунӯн 74 ҳазору 774 нафар дар Қирғизистон мубтало ба корона шудаанд ва аз ин теъдод 1290 нафар низ ҷон бохтанд.

 

 БЕШТАР БИХОНЕД: