Гушоиши марзҳои Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони ҳамаи кишварҳо
Декабр 06, 2020 11:27 Asia/Dushanbe
Давлати Қирғизистон марзҳои худро ба рӯи шаҳрвандони тамомии кишварҳо ба таври машрӯт бозгушоӣ кардааст.
Ба гузориши Франс Пресс, вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар баёнияе эълом кард, аз рӯзи ҷумъа чаҳоруми декабр ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бо шароити хос вориди Қирғизистон шаванд.
Дар баёнияи вазорати умури хориҷаи Қирғизистон омадааст: “аз шаҳрвандони хориҷӣ пас аз вурӯд ба ин кишвари тести корона (PCR) гирифта мешавад.
Марзҳои Қирғизистон аз замони шуюи вируси корона ба рӯи кишварҳо баста шуда буд.
Токунӯн 74 ҳазору 774 нафар дар Қирғизистон мубтало ба корона шудаанд ва аз ин теъдод 1290 нафар низ ҷон бохтанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Русия дар пайи боз кардани марзҳо бар рӯи коргарони сохтумонсозӣ аст
- Бозгушоии марзҳои Тоҷикистон ба рӯи донишҷӯёни узбакистонӣ
- Сохти таъсисот дар марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон мамнӯъ шуд
Барчасп