Декабр 12, 2020 11:22 Asia/Dushanbe
  • ҷасади яхзадаи ин асбҳо дар дарёчаи Павлода пайдо шуд
    ҷасади яхзадаи ин асбҳо дар дарёчаи Павлода пайдо шуд

26 асби яхзада дар дарёчае дар минтақаи Павлодар дар шимоли Қазоқистон кашф шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, яке аз сокинони минтақаи Павлодар чанд рӯз қабл хабар дод, ки 26 асбҳояшро аз даст дода аст.

Ин  рустоӣ чанд рӯз талош карда буд, ки асбҳои гумшударо пайдо кунад, аммо пас аз ҷустуҷӯи номуваффақ ба пулис муроҷиа кард.

Маъмурони пулис бо диққат ҳамаи манотиқи атроф, маротеъ ва мазореъро баррасӣ карданд ва саранҷом ҷанозаи яхзадаи асбҳоро дар дарёчаи Павлодар пайдо карданд.

 

Барчасп