Музокироти Узбакистону Қирғизистон ҷиҳати ҳалли ихтилофоти марзӣ
(last modified Sat, 15 Oct 2016 07:59:24 GMT )
Октябр 15, 2016 12:59 Asia/Dushanbe
  • Музокироти Узбакистону Қирғизистон ҷиҳати ҳалли ихтилофоти марзӣ

Ҳайатҳои давлатии Узбакистону Қирғизистон авзои марзиро дар 55 минтақаи мавриди ихтилофи ду тараф баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", ҳайатҳои давлатии Узбакистону Қирғизистон дар масоили таъйини ҳудуди марзҳои давлатии ду кишвар аз 5 то 14 октябри соли 2016 дар шаҳрҳои Андиҷону Фарғона дидор ва мавзӯи таъйину аломатгузории марзҳоро баррасӣ карданд. Дар ин дидорҳо авзои 55 нуқта аз марзҳои ду кишвар дар манотиқи Намангон, Андиҷону Фарғонаи Ҷумҳурии Узбакистон бо вилоятҳои Ҷалолобод,  Ош ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ шуда,  ду тараф як протоколи ҳамкорӣ низ ба имзо расонданд.

Узбакистону Қирғизистон 1375 километр марзи муштарак доранд.

Бо вуҷуди гузашти беш аз 20 сол аз истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷумҳуриҳои Узбакистон, Қирғизистону Тоҷикистон ҳамчунон бо якдигар мушкилоти мухталифи марзӣ доранд.