Қазоқистон ба Русия тазаккури дипломатӣ дод
Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар пайи изҳороти як мақоми порлумонии Русия, сафири ин кишвар дар Нурсултонро эҳзор кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Душанбе, дар ин дидор Марат Сиздиков, муовини вазири умури хориҷаи Қазоқистон бо ибрози тааҷҷуб аз изҳороти Вячеслав Никонов, раиси Кумитаи омӯзиш ва илми Думаи давлатии Русия дар як барномаи телевизионӣ гуфт, ҷумалоти таҳрикомези батакрори бархе сиёсатмадорони рус алайҳи ин кишвар, осеби ҷиддӣ ба равобити ҳампаймонии ду кишвар ворид мекунад.
Вячеслав Никонов, раиси Кумитаи омӯзиш ва илми Думаи давлатии Русия ахиран дар шабакаи аввали телевизиони ин кишвар гуфта буд: «Қаламрави Қазоқистон ҳадяе бузург аз тарафи Русия аст».
Муовини вазири умури хориҷаи Қазоқистон хитоб ба сафири Русия дар кишвараш афзуд: Қазоқистон интизор дорад, ки ин гуна изҳорот ба таври муносиб арзёбӣ ва барои ҷилавгирӣ аз такрори онҳо дар оянда тадобири лозим андешида шавад.
Бештар бихонед:
- Ирсоли кумакҳои башардӯстонаи Русия ба Қазоқистон
- Даргирии коргарони муҳоҷир ва полис дар марзи Русия ва Қазоқистон