Толибон ба бозкушоии садҳо мактаби ибтидоӣ дар Афғонистон ризоят доданд
(last modified Sat, 19 Dec 2020 14:33:45 GMT )
Декабр 19, 2020 19:33 Asia/Dushanbe
  • Тақрибан 4 ҳазор мактаб дар минтақаҳои таҳти назорати Толибон ба зудӣ боз хоҳанд шуд
    Тақрибан 4 ҳазор мактаб дар минтақаҳои таҳти назорати Толибон ба зудӣ боз хоҳанд шуд

Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид (Юнисеф) дар афғонистон эълом кардааст, ки бо гурӯҳи Толибон барои бозкушоии садҳо мактаб ва шурӯъ ба таҳсили ҳудуди 140 ҳазор донишомӯзи афғон ба тавофуқ расидааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, бар асоси ин тавофуқ ҳудуди чаҳор ҳазор мактаби ғайрирасмӣ дар манотиқи таҳти назорати Толибон ба зудӣ бозкушоӣ мешавад.

 

Раиси бахши омӯзиши Юнисиф гуфт, ки бо Толибон тавофуқ шудааст, ки духтарону писарон то поёни давраи ибтидоӣ – то синфи шашум- дар ин мактабҳо дарси ббихонанд.

Ба гуфтаи Ларина Диа, хароҷоти сохтмони ин мактабҳо аз ҷониби Ниҳоди Ҳамкории Ҷаҳонӣ оид барои омӯзиш пардохт карда мешавад.
 
Дар айни ҳол нигарониҳо аз афзоиши хушунат ва қурбонӣ шудани ғайринизомиён, аз ҷумла кӯдакон дар Афғонистон ҳамчунон идома дорад ба тавре, ки инфиҷори рӯзи ҷумъа дар маросими хатми қуръон дар Ғазнӣ ҷони 15 нафарро гирифт, ки 12 тан аз онон кӯдак буданд.

Фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки дар се моҳи сеюми соли 2020 талафоти кӯдакон 25 дарсад афзоиш ёфта ва ҳамла ба мадорис низ чаҳор баробар шудааст.

 

Бештар бихонед: