Декабр 20, 2020 12:54 Asia/Dushanbe
  • Тарроҳии амрикоӣ барои барои барҳам задани авзои амниятӣ дар Осиёи марказӣ
    Тарроҳии амрикоӣ барои барои барҳам задани авзои амниятӣ дар Осиёи марказӣ

Ҳаводиси ахир дар минтақа бахусус хориҷ кардани номи "Ҷунбиши Туркистони шарқӣ" аз листи гурӯҳҳои террористӣ тавассути Амрико, Осиёи Марказиро обистани ҳаводис кардааст.

Ба бовари таҳлили бархе аз таҳлилгарони минтақавӣ бояд тамоми таҳаввулот дар минтақа мавриди расад қарор гирад, зеро мақсади баъдии ин таҳаввулот Осиёи марказӣ аст. Дар пайи баррасии масоилу мавқеиятҳои амниятӣ дар Қирғизистон мутахасассину коршиносони ин кишвар тасмим гирифтанд конференсияе бо мавзӯи "чолишҳо ва таҳдидҳои амнияти Қирғизистон" баргузор кунанд.

Ин конференсия, ки бо ҳиммати бошгоҳи мутахасассини минтақа ба номи Piker баргузор шуд, нақши ҷумҳурии Қирғизистон дар таъмини амнияти минтақавӣ дар ҷиҳати таъомул бо Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва кишварҳои ҳамсуд баррасӣ  шуд.

Коршиносони сиёсии қирғз изҳор доштанд: Амнияти Қирғизистон ҷанбаи бисёр муҳимме дар тавсеаи кишвар дорад. Вақте мардум, мақомот, бозаргонон ҳис кунанд, ки ҳимояту пуштибонӣ мешаванд, кишвар бо муваффақияти бештаре пешрафт мекунад.

Бо ин ҳол бояд дарк кард, ки дар шароити феълӣ, мумкин аст масоили амниятӣ дар Қирғизистон мутазалзил шавад. Бисёре аз коршиносон қаблан изҳор доштанд дар шароити сиёсӣ- иҷтимоии мавҷуд мумкин аст авзоъ бадтар шавад.

Дар ҳамин росто, коршиносони мазкури тасмим гирифтанд дар ин конференсия дар мавриди "он чӣ акнун дар кишвар иттифоқ меуфтад ва чигунагии таъмини амнияти он дар баробари иттифоқоти мухталиф" баҳсу табодули назар кунанд.

 

Коршиноси сиёсии Қирғизистон Морс Сориф дар ин замина мегӯяд : "Аз дидгоҳи ман, навбат ба Осиёи марказӣ расидааст. Мақомоти ғарбӣ ҷумбиши радикалии Ҷумбиши исломии Туркистонро аз рӯйхати сиёҳи террористӣ хориҷ кардаанд. Уйғурҳои таҷзияталаб мавзеи бисёр қавӣ доранд.

Вай идома дод: Дар ҳоли ҳозир, онҳо дар ДИИШ ба унвони намояндагони ситоди фармондиҳӣ ва нерӯҳои вижа ҳастанд. Дар тӯли 5 соли гузашта, онҳо ба шиддат тавассути сервисҳои иттилоотии хориҷӣ ҳимоят мешуд.
 
 
Сориф афзуд: Аъзоии гурӯҳи Туркистони шарқӣ бисёр муҷаҳҳазу дорои ангезаи болое ҳастанд. Дар натиҷа Осиёи марказӣ дар ҳоли табдил шудан ба яке аз шохаҳои ҳаводиси Ховари миёна ҳастем.

 

Коршиноси қирғиз идома дод, бояд мутаваҷҷеҳ буд, ки дар ҳама ҷо тафриқа вуҷуд дорад. Мо бояд вазъиятро дар Қафқози ҷанӯбӣ ба диққат баррасӣ кунем, зимни ин ки бо тавваҷӯҳ ба ҳаводиси ахир дида мешавад, ки Қафқози ҷанӯбӣ бештар ба як минтақаи нуфузи ғайри русӣ табдил шудааст.


Сориф дар поён гуфт, бинобарин агар бо диққат ҳаводиси ахиро мавриди баррасӣ қарор диҳем ба ин нукта хоҳем расид, ки мақсади баъдии таҳаввулот ба самти Осиёи марказӣ дар ҳоли ҳаракат аст. Акнун мо дар як проекти бузурги геополитикӣ ба сар мебарем.

Иқдоми Амрико дар ҳазфи гурӯҳи Ҷумбиши Туркистони шарқӣ аз феҳристи гурӯҳҳои террористӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки аз муддатҳо пеш дар Амрико мавзӯи таҷдиди назар нисбат ба ин гурӯҳ матраҳ буду боло гирифтани ихтилофот бо Чин билохира заминаи чунин тасмимеро фароҳам кард.

Гузашта аз он созмони « Конгресси ҷаҳонии Уйғур », ки дар Амрико мустақар аст, борҳо аз Кохи сафед ба далели тасмими қарор додани Ҷумбиши исломии Туркистони шарқӣ дар рӯйхати созмонҳои террористӣ интиқод карда буд.

Вашингтон муддаӣ аст нишонае аз вуҷуди афкори террористӣ дар ин созмонро надораду ба ҳамин далели онро аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ кардааст.

Барои  Вашингтон қарор доштани Ҷунбиши исломии Туркистони шарқӣ дар рӯйхати созмонҳои террористӣ бисёр нохушоянд буд, чунки ки бар ин асос Чин метавонист бар мабноии қонуни мубориза бо тероризм, хостори ҳимоят дар иқдом алайҳи уйғури таборонӣ шавад ,ки ба истилоҳ дар нуқоти ҳассос қарор доранд.

Бештар бихонед:

Барчасп