Декабр 26, 2020 16:49 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Афғонистон аз ҳузури сарони Толибон дар Покистон

Афғонистон аз ҳузури сарони Толибон дар Покистон ибрози нигаронӣ кард.

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар баёнияе дар вокуниш ба изҳороти муовини Толибон мабни бар ин ки сарони ин гурӯҳ дар Покистон мустақар ҳастанд эълом кард ҳузури ин гурӯҳ ҳокимияти миллии Афғонистонро ошкоро нақз мекунаду сабаби тадовуми буҳрон ва бесуботӣ дар минтақа ва ин кишвар шудааст.

Дар ин баёния, Кобул аз Исломобод хостааст, ки иҷозаи надиҳад қаламрави Покистон аз сӯи Толибон ,ки бар идомаи ҷанг ва хунрезӣ исрор доранд, мавриди истифода қарор гирад.

Вокуниши тунди Вазорати хориҷаи Афғонистон ба масаълаи ҳузури сарони Толибон дар Покистон пас аз он сурат гирифт, ки дар рӯзҳои гузашта видиое дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, ки муллоАбдулғанӣ дар ҳоли дидор аз захмиҳои Толибон ва суханронӣ дар ҷамъи аъзои ин гурӯҳ дар як урдугоҳ дар Покистони дида мешавад.

Гуфта шудааст муовини сиёсии Толибон барои дидор бо захмӣҳои ӣн гурӯҳ дар бемористон дар шаҳри Карочӣ дар ҷануби Покистон рафтааст.

 

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи Толибон бо таъйиди ин дидорҳои мулло Абдулғанӣ дар Покистон, мулоқоти муовини сиёсии ин гурӯҳ бо захмиҳои Толибонро дилҷӯи аз онон тавсиф кардааст.

 

Дидорҳои мулло Абдулғанӣ бо захмиҳои Толибон дар Покистон ва боздиди вай аз як урдӯгоҳи ин гурӯҳ дар ин кишвар, ки дар ин видиё нишон дода шудааст аз сӯи мақомоти Афғонистон нақзи ҳокимияти миллии ин кишвар ва мӯҷиби идомаи буҳрон дар минтақа хонда шудааст.

 

Амруллоҳ Солеҳ муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон дар вокуниш ба ин видиё дар Твиттер навишт: " Мулло Абдулғанӣ се кор дар Карочӣ кард, дидор бо захмиҳои Толибон дар як бемористони давлатӣ, ки бидуни виза дар он ҷо ҳузур доранд, боздид аз як маркази омӯзишии ин гурӯҳ ва ташаккур аз давлати Покистон бобати ҳимоятҳои саховатмандона аз Толибон." 


Дидорҳои муовини сиёсии Толибон дар Покистон дар ҳоле бо хашми шадиди мақомоти Афғонистон мувоҷеҳ шудааст, ки даҳ рӯз пеши Вазорати хориҷаи ин кишвар эълом кард сафари ҳайати сиёсии ин гурӯҳ ба сарпарастии мулло Абдулғанӣ ба Исломобод бо ҳамоҳангӣ ва машварати мақомоти Кобул анҷом шудааст, ки ин мавзеи нишонае аз рӯйкарди мусбати давлати Афғонистон ба анҷоми ин сафар буд. 

Дар чунин шароите ин пурсиш матраҳ мешавад, ки чаро мавзеи мусбати давлати Афғонистон дар қиболи сафари муовини сиёсии Толибон ва ҳайати ҳамроҳи вай ба Покистон ба якбора ба мавзее манфӣ ва бозгашт ба асли интиқод аз сиёсатҳои ин кишвар табдил шуд?

Бовари давлати Афғонистон ин буд, ки сафари мулло Абдулғанӣ ба Покистон барои иҷрои ваъдаи Имронхон, нахуствазири ин кишвар барои кумак ба хурӯҷи музокироти сулҳи Кобул аз бунбаст ва кумаки вай раванди оштии миллӣ дар Афғонистон сурат гирифтааст.

Интишори видиёе, ки муовини сиёсии Толибонро дар ҳоли суханронӣ дар як урдӯгоҳи ин гурӯҳ дар Покистон ва ҳамчунин мулоқоти вай бо захмиҳои ин гурӯҳ дар як бемористони давлатӣ дар шаҳри Карочӣ нишон медиҳад мӯҷиб шуд то ҳошияи сафари муллои Абдулғанӣ ба Покистон бар матни он ғалаба кунад ва ҳатто дастовардҳои эҳтимолии ин сафар дар кумак ба музокироти сулҳи Афғонистон дар муқобили муҳтавои ин видиё ҳеч ингоре шавад.

Давлати Афғонистони ба рағми он ки даъвати Покистон аз мулло Абдулғанӣ ба ин кишварро гоме барои кӯмак ваъда дода шуда Умронхон ба раванди сулҳ дар он кишвар арзёбӣ кард, аммо ҳавошии ин сафару ҳузур дар байни захмиҳои Толибон ва суханронӣ дар як урдугоҳи ин гурӯҳ дар Покистонро даҳани каҷе ба Кобул донистааст, ки асли шафофият ва садоқати мавриди интизор аз ин кишвар дар мувоҷиҳа ба таҳдидкунандагон амният ва ҳокимияти миллии Афғонистонро хадшадор кардааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп