Талошҳои раиси ҷумҳурии Туркманистон барои ҷонишинии писараш
Раиси ҷумҳурии Туркманистон ислоҳотеро бар қонуни асосии ин кишвар ворид кард, ки бар асоси он илова бар маҷлиси поёнӣ, маҷлиси болоӣ низ эҷод хоҳад шуд.
Ба гузориши Порстудей, маҷлиси болоии ин кишвар «Туркманистон халқ маслиҳатӣ» (Шӯроии мардумии Туркманистон) ном дорад ва дар сурате ки раиси ҷумҳурӣ ба ҳар далеле натавонад масъулияти худро иҷро кунад, ҷонишин муваққати вай хоҳад шуд.
«Туркманистон халқ маслиҳатӣ» олитарин ниҳоди намояндагии Туркманистон аст, ки раёсати онро раиси ҷумҳурии ин кишвар бар ӯҳда дорад.
Бархе аз таҳлилгарон бар онанд, ки манзури раиси ҷумҳурии Туркманистон аз ислоҳи қонуни асосӣ ва эҷоди ниҳоди ҷадиде монанди «халқ маслиҳатӣ» фароҳам кардани замина барои ҷонишинии писараш Сардор Бердимуҳаммедов аст.
Қарор аст интихоботи маҷлиси болоии Туркманистон дар моҳи марти соли 2021 баргузор шавад.
Ҳамчунин аз аввали январи соли нав порлумони ин кишвар «Шӯрои миллӣ» номида шудааст, ки аз аъзои маҷлис ва халқ маслиҳатӣ шакл мегирад.
Бештар бихонед:
- Бердимуҳаммедов ислоҳоти қонуни асосии Туркманистонро таъйид кард
- Фурӯхта шудани амлоки давлатӣ дар Туркманистон
- Путин боз ҳам метавонад раиси ҷумҳурии Русия шавад