Апрел 05, 2024 17:11 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов, раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дар ин дидор натиҷаҳои мулоқоту музокирот, ки дар доираи сафари расмии Пешвои миллии халқи туркман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бердимуҳамедов ба Эмомалӣ Раҳмон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимӣ изҳори сипос намуд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки натиҷаҳои ташрифи расмӣ ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ дар доираи ин сафар барои таъмиқи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои ҳамкории барои ду давлат судовар табодули андеша намуданд.

Барчасп