Хориҷ шудани нерӯҳои амрикоӣ аз бузургтарин пойгоҳи худ дар Афғонистон
Низомиёни амрикоӣ бузургтарин пойгоҳи худро дар вилояти Лугар, дар ҷануби Кобул тарк карданд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, мақомоти маҳаллии вилояти Лугар эълом карданд: Нерӯҳои амрикоӣ пойгоҳи «Фоб Шанк» (Fob Shank) -ро ки бузургтарин пойгоҳи артиши Амрико дар ин вилоят аст, тарк кардаанд ва ин пойгоҳ дар ихтиёри нерӯҳои давлатии Афғонистон қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи мақомҳои низомӣ дар Лугар, то пеш аз тавофуқи Амрико ва Толибон ҳудуди 600 тан аз нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар пойгоҳи «Фоб Шанк» ҳузур доштанд, аммо акнун ин шумор ба 300 тан коҳиш ёфт.
Бар асоси тавофуқи Амрико бо гурӯҳи Толибон қарор аст ҳамаи низомиёни хориҷӣ то урдибиҳиштмоҳи соли оянда (апрел -майи 2021) аз Афғонистон хориҷ шаванд.
Ин пойгоҳ, ки дар солҳои ахир то 18 ҳазор сарбози хориҷиро ҳам дар худ ҷой дода буд, афзун бар дигар имконот, як фурӯдгоҳ ҳам дорад.
Бештар бихонед:
- Иддаои вазири хориҷаи Амрико бар хуруҷи низомиёнаш аз Афғонистон
- Гузориши вижа: Тардиди коршиносон дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон
- Хуруҷи низомиён: Интизори мардуми Афғонистон аз Амрико