Таҳлиле бар тахлияи бузургтарин пойгоҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Лугари Афғонистон
(last modified Wed, 06 Jan 2021 06:07:54 GMT )
Январ 06, 2021 11:07 Asia/Dushanbe
  • Нерӯҳои амрикоӣ бузургтарин пойгоҳи худ дар Лугари Афғонистон тарк карданд
    Нерӯҳои амрикоӣ бузургтарин пойгоҳи худ дар Лугари Афғонистон тарк карданд

Низомиёни амрикоӣ бузургтарин пойгоҳи худро дар вилояти Лугар дар ҷануби Кобул пойтахти Афғонистон тарк карданд.

Мақомоти маҳаллии вилояти Лугар эълом карданд: Нерӯҳои амрикоӣ, пойгоҳи «Фобшанк »(Fob Shank)-ро,  ки бузургтарин пойгоҳи артиши Амрико дар ин вилоят аст тарк кардаанд ва ин пойгоҳ дар ҳоли ҳозир дар ихтиёри нерӯҳои давлатии Афғонистон қарор дорад.

Ба гуфтаи мақомҳои низомӣ дар Лугар, то пеш аз тавофуқи Амрико ва Толибон ҳудуди шашсад тан аз нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар пойгоҳи « Фобшанк » ҳузур доштанд, аммо акнун шумори ин нерӯҳо ба сесад тан коҳиш ёфт. Ин пойгоҳ, ки дар солҳои ахир то ҳаждаҳ ҳазор сарбози хориҷиро ҳам дар худ ҷой дода буд.

Тахлияи бузургтарин пойгоҳи низомии Амрико дар вилояти Лугари Афғонистон агарчӣ ба коҳиши парокандагии ҳузури низомиёни он кишвар мунҷар мешавад, аммо бояд диди таъсироти хурӯҷи ин низомиён аз ин пойгоҳ чигуна хоҳад буд.

Дар иқдоми артиши Амрико барои тахлияи пойгоҳи " Фобшанк " дар вилояти Лугар, ду сенарию метавонад матраҳ бошад.

Дар сенарияи нахуст, артиши амрикоии пойгоҳи "Фобшанк "-ро ба нерӯҳои давлатии Афғонистон вогузор кардааст, то битавонад бахше аз ҳазинаҳои худ дар ин кишварро коҳиш диҳад. Ба хусус он ки дар пойгоҳи "Фобшанк" дар замони вогузорӣ ба нерӯҳои давлатии Афғонистон танҳо 300 низомии амрикоиро дар худ ҷой дода буд. Артиши Амрико тасмими гирифта бо интиқоли нерӯҳои худ аз " Фобшанк" ба дигар пойгоҳҳои худ амалан ҳазинаҳои худ дар Афғонистонро кам кунад.

Дар сенарияи дувум, артиши Амрико бо хориҷ кардани низомиёни худ аз пойгоҳи "Фобшанк" дар Лугар қасд дорад батадриҷ нерӯҳои худ аз Афғонистонро хориҷ кунад.

Дар таҳлили сиёсатҳои эъмолӣ ва эълони мақомоти сиёсӣ ва низомии Амрико ва нишонаҳои мавҷуд аз навъи мувоҷиҳаи ин кишвар дар қиболи таҳаввулоти Афғонстон, дар хусуси тахлияи пойгоҳи " Фобшанк " сенарияи нахуст бештар мутобиқ аст.

Бадаҳдиҳои Амрико дар хурӯҷи ҳамаи нерӯҳои низомиаш аз Афғонстон

Амрико бо вуҷуди он ки дар тавофуқномаи сулҳ бо Толибон дар феврали 2020 мутааҳид шуда буд то поёни соли 2020 ҳамаи нерӯҳои низомии худро аз Афғонистон хориҷ кунад, аммо ҳамчунон ба ин масаъла бе тавваҷӯҳ асту ин бадаҳдии Кохи Сафед бар раванди музокироти байни афғонии сулҳ дар Қатар низ таъсири ба шиддат манфӣ доштааст. 

Машрут шудани барқарории оташи бас ва пешрафт дар гуфтугӯҳои сулҳ аз сӯи Толибон ба хурӯҷи комили низомии Амрико аз Афғонистон нишон медиҳад исрори Кохи Сафед бар ҳифзи ҳузури низомиёни худ дар ин кишвар монеъи аслии таҳаққуқи сулҳ дар Афғонистон аст.

Дар шароите, ки Амрико сарфан нерӯҳои худ дар пойгоҳи " Фобшанк "-ро ба пойгоҳи дигари худ дар Афғонистон мунтақил кардааст ин иқдом наметавонад гоме дар ҷиҳати таҳаққуқи мутолибаи мардуми ин кишвар барои хурӯҷи ишғолгарон ва ҳамвор шудани раванди гуфтугӯҳои сулҳ мунҷар шавад.

Ҳамзамон бо тахлияи пойгоҳи " Фобшонк" тавассути нерӯҳои амрикоӣ, сафари Зулмай Халилзод намояндаи вижаи ин кишвар дар умури Афғонистон ба Кобул дар остонаи баргузории даври дувуми музокироти байни афғонӣ метавонад фурсате барои мақомот Кобул бошад то бори дигар паёмадҳои ношӣ аз адами иҷрои тааҳудоти Кохи Сафед дар тавофуқномаи сулҳ бо Толибонро ба вай гӯшзад кунанд.

Агар Амрико ҳузури низомии худро дар Афғонистон танҳо бо интиқоли нерӯҳо ба Афғонистон идома диҳад, натиҷаи даври дуввуми музокироти сулҳ бо Толибон, ки қарор аст дар рӯзҳои наздик бо бозгашти гурӯҳи музокиракунандаи Афғонистон ба Қатар аз сар гирифта шавад, ба даври аввал монанд хоҳад буд. Ин имкони барқарории сулҳ дар он кишвар аст.

 

Бештар бихонед: