Январ 07, 2021 13:25 Asia/Dushanbe
  • Гузаргоҳи Саразм миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон феълан барои воридот ва содироти коло бозгушоӣ шудааст
    Гузаргоҳи Саразм миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон феълан барои воридот ва содироти коло бозгушоӣ шудааст

Гузаргоҳи марзии Саразм миёни ноҳияи Панҷакент ва вилояти Самарқанди Ӯзбекистон пас аз 10 моҳ вақфа барои воридот ва содироти маҳсӯлот бозгушоӣ шуд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ Вик, феълан аз ин гузаргоҳ танҳо барои воридоту содироти маҳсӯлоти ду кишвар истифода хоҳад шуд ва рафту омади шаҳрвандон мамнӯъ мебошад.

Ин гузаргоҳи марзӣ аз моҳи марти соли 2020 ба далели густариши вируси корона баста шуда ва аз 17 гузаргоҳи марзии миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон танҳо 3 марказ барои интиқоли колои байналмилалӣ мавриди истифода қарор мегирифт.

Узбакистон ахиран муҷаввиз рафту омади шаҳрвандони Тоҷикистонро аз гузаргоҳҳои фаъоли марзӣ бо риояти муқаррароти беҳдоштӣ содир кард, ки донишҷӯён, афроди дорои ақвоми наздик дар манотиқи марзӣ ва беморонро шомил мешавад.

Ҳамаи ин афрод бояд гувоҳиномаи озмоиши Ковид 19 ва саломат аз ин бемориро ба ҳамроҳ дошта бошанд.

Ҳамчунин афзӯн бар ҳамроҳ доштани ин гувоҳинома ҳангоми вурӯд ба қаламрави Ӯзбакистон аз роҳи заминӣ, аз тамомии мусофирон бо ҳазинаи онҳо озмоиши ҷадиди Ковид 19 гирифта мешавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп