Толибон террори уламо , хабарнигорон ва фаъолони сиёсиро маҳкум кард
Толибон эълом кард : Уламои дин , хабарнигорон ва чеҳраҳои сиёсӣ аҳдофи низомии ин гурӯҳ нестанду террори онҳоро маҳкум мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА , дар паи вокунишҳо ба афзоиши қатлҳои ҳадафманд дар Афғонистон гурӯҳи Толибон эълом кард, ки пушти ин ҳаводис касоне ҳастанд, ки мухолифи сулҳу низоми исломӣ ҳастанд.
Толибон таъкид кард, ки уламои дин , хабарнигорон ва чеҳраҳои сиёсӣ аҳдофи аҳдофи низомии ин гурӯҳ нестанду террори онҳоро накуҳиш(маҳкум) мекунад.
Ин гурӯҳ аз ҷаҳону мардуми Афғонистон хоста аст, ки дар ин даврони ҳассос беҳтар шароитро дарак кунанд ва афродеро, ки бо чунин иқдомот мехоҳанд аз оби гилолуда моҳӣ бигиранд, бишиносанд.
Баёнияи Толибон дар бораи даст надоштан дар террори хабарнигорону уламои динӣ дар ҳоле мунташир мешавад, ки давлати Афғонистон ҳамвора Толибонро масъули ин ҳаводис дониста аст.
Бештар бихонед: