Интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ ва ислоҳи қонуни асосӣ дар Қирғизистон
(last modified Sun, 10 Jan 2021 12:44:15 GMT )
Январ 10, 2021 17:44 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Қирғизистон аз интихобот истиқбол накарданд
    Мардуми Қирғизистон аз интихобот истиқбол накарданд

Қирғизистон имрӯз шоҳиди баргузории ҳамзамони интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ барои таъини шашумин раиси ҷумҳурии ин кишвар ва низ ҳамапурсии ислоҳи қонуни асосӣ аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар ин давра аз интихобот дар Қирғизистон, ки то соати 20 ба вақти маҳаллӣ идома хоҳад дошт 17 номзад барои ишғоли курсии раёсати ҷумҳурӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистон пас аз он баргузор шуд ки раиси ҷумҳурии пешини ин кишвар «Соронбай Жээнбеков»  таҳти фишори эътирозоти густарда ба натоиҷи интихоботи порлумонии 4 октябри соли 2020 истеъфои худро эълом кард.

 

 
Ҳамчунин имрӯз ҳамзамон бо интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ҳамапурсии ислоҳи қонуни асосии Қирғизистон низ дар ҳоли баргузорӣ аст то мушаххас шавад мардуми ин кишвар аз низоми мудирияти порлумонӣ ё раёсати ҷумҳурии ҳимоят ме‌кунанд.

Мардуми Қирғизистон аз интихобот истиқбол накарданд
 
3 миллиону 563 ҳазору 574 шаҳрванди Қирғизистон метавонанд дар ин интихобот ширкат кунанд, аммо то соати 12 зуҳр ба вақти маҳаллӣ фақат 9, 23 дарсади воҷидони шароити раъй дар ин ду интихобот ширкат карданд, ки ин сатҳи поини мушорикат дар давраҳои пешини интихоботи ин кишвар бесобиқа будааст.

Тибқи гузориши комиссияи марказии интихобот ва ҳамапурсии Қирғизистон , барои раъйҳои интихобкунандагон ду ҳазору 474 маркази раъйгирӣ, аз ҷумла 48 марказ дар хориҷ аз ин кишвар фаъол аст.

Дар се даҳаи истиқлоли Қирғизистон 7 бор интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар баргузор шудааст.

 

Бештар бихонед: