Эътисоби саросари зидди сиёсатҳои муҳоҷиратии Трамп; Амрико дар илтиҳоби эътирозҳои мардумӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124092-Эътисоби_саросари_зидди_сиёсатҳои_муҳоҷиратии_Трамп_Амрико_дар_илтиҳоби_эътирозҳои_мардумӣ
Порс Тудей- шаҳрҳои бузурги Амрико дар рузҳои гузашта бори дигар шоҳиди мавҷи густардаи аз эътирозоти мардумӣ зидди сиёсатҳои сахтгиронаи муҳоҷиратии давлати Трапм буд эътирозоте, ки бо таътилии мактабҳо, маҳалҳои кор ва марказҳои харид бо шиъори "Таътили миллӣ" ба авҷ расид ва ба намоди аз шикофи амиқи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ дар ин кишвар табдил шуд.
(last modified 2026-02-05T08:35:27+00:00 )
Феврал 05, 2026 13:35 Asia/Dushanbe
  • Эътирози саросарӣ дар Амрико ба нишони эътироз ба сиёсати сахтгиронаи муҳоҷират
    Эътирози саросарӣ дар Амрико ба нишони эътироз ба сиёсати сахтгиронаи муҳоҷират

Порс Тудей- шаҳрҳои бузурги Амрико дар рузҳои гузашта бори дигар шоҳиди мавҷи густардаи аз эътирозоти мардумӣ зидди сиёсатҳои сахтгиронаи муҳоҷиратии давлати Трапм буд эътирозоте, ки бо таътилии мактабҳо, маҳалҳои кор ва марказҳои харид бо шиъори "Таътили миллӣ" ба авҷ расид ва ба намоди аз шикофи амиқи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ дар ин кишвар табдил шуд.

Дар ҳафтаҳои охир, сиёсати муҳоҷирати маъмурияти Трамп ва васеъ кардани ваколатҳои хадамоти муҳоҷират ва гумруки Амрико "ICE" мавҷи норозигии мардумро дар иёлотҳо ва шаҳрҳои гуногуни кишвар ба вуҷуд овардааст. Аз Миннеаполис то Ню Йорк, аз Лос-Анҷелес то Вашингтон, кӯчаҳо бори дигар ба макони эътирозҳо алайҳи он чизе, ки "саркӯби систематикии муҳоҷирон" номида мешавад, табдил ёфтаанд.

Таътилии миллӣ дар эътироз ба хушунати муҳоҷирати

Эътирозгарон 30 январро "иддаи миллӣ" эълон карданд ва аз шаҳрвандон даъват карданд, ки бо бастани корхонаҳо, мактабҳо ва марказҳои савдо бо муҳоҷирон ҳамбастагӣ нишон диҳанд. Ин даъватро садҳо гурӯҳҳои шаҳрвандӣ, донишҷӯён ва ҳуқуқи башар дастгирӣ карданд ва бисёре аз корхонаҳо дар шаҳрҳои гуногун ба марказҳои кӯмак ва паноҳгоҳҳои муваққатӣ барои эътирозгарон табдил дода шуданд. Шиорҳои асосии гирдиҳамоиҳо мухолифат бо маблағгузории Хадамоти муҳоҷират ва гумрук ва эътироз ба боздоштҳои беиҷозат, ҷудошавии оилаҳо ва истифодаи қувваи марговар алайҳи эътирозгарон буданд.

Миннесота: Маркази буҳрон

Иёлати Миннесота дар ҳафтаҳои охир ба як нуқтаи асосии эътирозҳо табдил ёфтааст, ки дар он ҷо зиёда аз 2000 агенти федералӣ дар он чизе, ки Департаменти Амнияти Ватанӣ онро бузургтарин амалиёти муҳоҷиратӣ то кунун номидааст, сафарбар карда шуданд. Куштори ду шаҳрванди амрикоӣ, Рене Никол Гуд ва Алекс Пратт, аз ҷониби агентҳои муҳоҷират, хашми мардумро афзун кардааст. Ҳукумати Амрико иддао дорад, ки афсарон дар ҳарду ҳодиса "дифоъ аз худ" кардаанд, иддаое, ки оилаҳои қурбониён, фаъолони ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва мақомоти маҳаллӣ шадидан рад мекунанд.

Эътирозоти фаротар аз муҳоҷират

Нозирони сиёсӣ бар он назаранд, ки таваҷҷӯҳи маъмурияти Трамп ба Миннесота танҳо ба муҳоҷират маҳдуд намешавад. Пешниҳоди иттиҳомоти фасод алайҳи як қисмати ҷомеаи сомалигии иёлот, дар баробари оҳанги сахт ва баъзан таҳқиромези раиси Ҷумҳури Амрико, тафриқаҳои нажодӣ ва иҷтимоиро шадидтар кардааст. Губернатор ва шаҳрдори Миннеаполис амалҳои ҳукумати федералиро ҳамчун "ҳамла ба ҷомеаи маҳаллӣ" тавсиф карда, ба дастгирии муҳоҷирон ва шаҳрвандон таъкид кардаанд.

Паёмадҳои сиёсӣ барои Трамп

Эътирозҳои идомаёбанда дар саросари кишвар, дар баробари коҳиши маъруфияти Трамп дар назарсанҷиҳо, ин парвандаро барои ҳукумати Амрико ба як мушкили сиёсӣ табдил додаанд. Таҳлилгарон бар он ақидаанд, ки идомаи зӯроварӣ ва нодида гирифтани талаботи мардум метавонад барои маъмурияти Трамп, бахусус дар пешорӯи интихоботи дарпешистода, оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад. Эътирозҳои идомаёбанда бори дигар Амрикоро бо саволҳои ҷиддӣ дар бораи ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва муносибати ҳукумат бо ақаллиятҳо рӯбарӯ карданд; саволҳое, ки посухҳои онҳо метавонанд самти таҳаввулоти сиёсиро дар кишвар тағйир диҳанд.