Нахустин изҳороти Ҷабборов баъд аз расидан ба раёсати ҷумҳурии Қирғизистон
Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҳамаи гурӯҳҳо дар ин кишвар хост ба манзури ҳифзи субот дар Қирғизистон натиҷаи интихоботро бипазиранд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз садо ва симои Эрон, Садир Ҷабборов сиёсатмадори миллигарои Қирғизистон, ки тавонист дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ рӯзи якшанбеи ин кишвар бо касби 80 дарсади овоз пирӯз шавад дар нахустин суханронии худ инчунин гуфт: "Русия шарики стратегии Қирғизистон аст."
Ҷабборов бо ишора ба ин ки дар даврони сахтӣ ва бӯҳрон, қудратро дар даст гирифтааст, гуфт ки барои ҳалли бӯҳронҳо ба замон ниёз дорад.
Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон эълом кард, ки беш аз 80 дарсад аз раъйдиҳандагон ҳамчунин аз пешниҳоди ислоҳи қонуни асосӣ барои эътои ихтиёроти бештар ба раисҷумҳури ин кишвар дар муқобили коҳиши ихтиёроти порлумон ҳимоят кардаанд.
Раиси Ҷумҳурии феълии Қирғизистон Садир Ҷабборов дар пайи эътирозоти хушунатомези октябри соли гузашта аз зиндон озод шуд ва ба мақоми сарвазирӣ расид.
Рӯзи якшанбе ба таври ҳамзамон ҳамапурсии низоми ҳукуматии Қирғизистон низ баргузор шуд, ки тибқи натоиҷи ба даст омада 81 дарсад аз мардум ба низоми раёсат раъй доданд ва пас аз як даҳа, низоми ҳукуматии раёсати ҷумҳуриро ба кишвари худ баргардонданд.
Бештар бихонед: