Январ 18, 2021 19:32 Asia/Dushanbe
  • Ишқобод зерсохтҳои лозимро барои афзоиши масрафи барқ дар Афғонистон фароҳам мекунад
    Ишқобод зерсохтҳои лозимро барои афзоиши масрафи барқ дар Афғонистон фароҳам мекунад

Қимати барқи содиротии Туркманистон ба Афғонистон 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ба гузориши ИРНА, дар ҳошияи маросими ифтитоҳи хати интиқоли нерӯ аз шаҳри Каркии Туркманистон ба Шибирғони Афғонистон, ки бо ҳузури маҷозии сарони ду кишвар баргузор шуд, Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон аз давлати Туркманистон барои коҳиши қимати барқ аз 6 сент ба 3. 5 сент қадрдонӣ кард.

Ашраф Ғанӣ идома дод: Ин тарҳ таъсири мусбате дар таъмини барқи қобили итминон дар устонҳои шимолии Афғонистон ва беҳбуди авзоъ дар ин минтақа хоҳад дошт ва Ишқобод зерсохтҳои лозимро барои афзоиши масрафи барқ дар Афғонистон фароҳам мекунад.

Бо роҳандозии хати интиқоли 500 киловат, теъдоди афроде ки аз барқ дар Афғонистон истифода мекунанд, ба 9 миллион нафар афзоиш хоҳад ёфт, ки гоме муҳим дар таъмини барқи қобили эътимод дар ин кишвар аст.

Дар марҳалаи аввал, Туркманистон барқи шаҳрҳои Андхӯй, Шибирғон ва Мазори Шарифро таъмин мекунад ва дар марҳалаи дувум то авоили соли 2022 барқро ба Пули Хумрӣ ва Кобул ва сипас бо дастрасии бештар ба шаҳрҳои Покистон хоҳад расонд.

 

Бештар бихонед: