Октябр 17, 2016 11:14 Asia/Dushanbe
  • Мавонеи рушди ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ

Коршиносони умури иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мизи гирде мавонеи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ин минтақаро баррасӣ карданд.

Ба иттилои caa-network.org, иқтисоддонони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар ин мизи гирд вуҷуди низоми раводид миёни Узбакистон ва Туркманистон бо соири кишварҳои Осиёи марказӣ, набуди гардиши озодонаи маҳсулоту коло, ҳаракати нерӯи кор ва сармоя, тарифаҳои болои гумрукӣ ва транзитиро аз ҷумлаи мавонеи поин будани муомилоти тиҷорӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ унвон карданд .

Собир Қурбонов, иқтисоддони мустақили тоҷик дар ин мизи гирд гуфт: Мизони муомилоти тиҷории 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар муқоиса бо равобити тиҷории ин ҷумҳуриҳо бо Русия, Чин, Туркия, Эрон ва Иттиҳоди Аврупо қобили муқоиса нест .

Қурбонов набуди тавозун миёни иқтисоди ин ҷумҳуриҳоро иллати аслии поин будани мизони муомилоти тиҷории онҳо донист ва афзуд: Дар ҳоле, ки иқтисоди Қазоқистон ва Туркманистон мубтанӣ бар содироти энержӣ аст, иқтисод дар Узбакистон бо содироти пахта дар Тоҷикистон ва Қирғизистон бо содироти маодини ва фулузот гиреҳ хурдааст .

Азиз Исо, иқтисоддони қирғиз низ дар ин нишаст гуфт, ки дар соли 2015 мизони муомилоти тиҷорӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар аз 10 миллиард доллар буд, ки барои минтақае бо 70 миллион ҷамъият ва захоири бузурги энержӣ ғайри қобили пазириш аст .

Азиз Исо набуди тамоюли ҷиддӣ барои ҳамгароиро аз авомили поин будани ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар байни ин 5 ҷумҳурӣ унвон кард .

Юлӣ Юсуфов, иқтисоддони узбак низ гуфт: Мизони муомилоти тиҷорӣ миёни 5 кишвари Осиёи Марказӣ дар маҷмуъ 5 дарсад аз маҷмуи муомилоти тиҷорати хориҷии ин ҷумҳуриҳост, ки рақаме ночиз аст .

Ҷумъа Сарабеов, иқтисоддони қазоқистонӣ ҳам таъкид кард: Тамомии ибтикороти давлати Остона барои тақвияти ҳамгароии минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамвора бо бетаваҷҷуҳии соири кишварҳо мувоҷеҳ шуда ва акнун танҳо 10 дарсад аз мизони муомилоти хориҷии Қазоқистон бо 4 кишвари Осиёи Марказӣ аст .