Шикояти номзади ғарбгарои интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон аз Ҷабборов
Номзади ғарбгарои интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон алайҳи Содир Ҷабборов ба Комиссиюни марказии интихоботи ин кишвар шикоят кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс ,Клара Соронқулова бо шикоят аз Комиссиюни марказии интихоботи ин кишвар ба додгоҳи маҳаллии шаҳри Бишкек , ботил кардани натоиҷи ниҳоии интихоботи ахири раёсати ҷумҳӯриро хостор шуд.
Ба гуфтаи Соронқулова, Ҷабборов дар соли 2013 дар додгоҳи расидагӣ ба як парванда маҳкум шинохта шуда ва бар асоси Қонуни асосӣ ҳаққи ширкат дар интихоботро надошта аст ва бояд натиҷаи интихоботи ахири раёсати ҷумҳӯрӣ ботил эълом шавад.
Дар 29 марти 2013 додгоҳи минтақаи Первомайский дар расидагӣ ба як парванда ҳукмеро алайҳи Ҷабборов содир ва вайро ба яку ним сол зиндон маҳкум кард, аммо дар 17 июни 2013 ҳайати қазоии додгоҳи шаҳри Бишкек ин ҳукмро лағв ва Ҷабборовро сафед кард.
Ҷабборов дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳӯрии Қирғизистон 79.2 дарсади ороро ба даст оварад ва ба унвони раиси ҷумҳӯрии мунтахаби ин кишвар муаррифӣ шуд.
Бештар бихонед:
- Пирӯзии Ҷабборов дар интихоботи Қирғизистон
-
Интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурӣ ва ислоҳи қонуни асосӣ дар Қирғизистон
-
Нахустин изҳороти Ҷабборов баъд аз расидан ба раёсати ҷумҳурии Қирғизистон