Ташкили парвандаи ҷадид алайҳи Бузургмеҳр Ёров
(last modified Mon, 08 May 2023 12:28:40 GMT )
Май 08, 2023 17:28 Asia/Dushanbe
  • Ташкили парвандаи ҷадид алайҳи Бузургмеҳр Ёров

Парвандаи ҷадиде алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик ташкил шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия Плюс,  бар асоси шикояти яке аз зиндониён ба номи Ҳасан Ҳасанов, парвандаи ҷадиде алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик ташкил шуд.

Ҳасанов даъво кардааст,  ки вакили дифоъ ва наздиконаш аз пайвандони ӯ 42,5 ҳазор сомонӣ гирифтаанд.

Ба навиштаи манбаъ, “Ба иддаои Ҳасанов, ҳамсари ӯ, Тағоева Боғигул, моҳи апрели 2022 ба наздикон, аз ҷумла ба хоҳар ва ба ҳамсари Бузурмеҳр қисме аз пул ё 15 ҳазор сомонӣ додааст".

Бузургмеҳр Ёров дар номааш аз тафтишот хостааст, ӯро бо даъвогар Ҳасан Ҳасанов рӯ ба рӯ кунанд ва ба наздиконаш ҳамчун шоҳид иҷозаи ширкат дар рафти тафтишотро диҳанд. Мақомоти тафтишот ба ин иҷоза надодааст.

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқшинос ва бародари Бузургмеҳр гуфтааст, даъвогар Ҳасан Ҳасанов, ки соли 2018 ба 26 соли зиндон маҳкум шудааст, барои онҳо ношинос нест ва дар гузашта, ба созмони “Бунёди Бузургмеҳр” нома навишта, дар бораи зиндониҳо хабар медодааст. Ҷамшед Ёров бар ин аст, ки “маҳбус Ҳасанов зери фишори мақомот зидди Бузургмеҳр баёнот додааст”.

Ба навиштаи сомонаи Азия Плюс, Бузургмеҳр Ёров яке аз вакилони дифои саршиноси тоҷик аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ дар маҳбас қарор дорад. Ӯро барои “қаллобӣ”, “сохтакорӣ”, “таҳқири намояндаи ҳокимият ва беэҳтиромӣ нисбат ба суд” гунаҳкор ва ба 28 соли зиндон маҳкум кардаанд. Бар асоси қонуни афв чаҳор сол муҳлати ҳабсаш кам шудааст.

Худи Бузургмеҳр Ёров ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ номидааст.