Май 08, 2024 17:59 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи ҳуқуқии мутақобил дар парвандаҳои ҷиноӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия

Тоҷикистон ва Малайзия мувофиқатномаи кумаки ҳуқуқии мутақобил дар парвандаҳои ҷиноӣ имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ховар, Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонум Дато Сюзанна бинт Отон, муовини додситони кулли Малайзия дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард.

 Дар ин дидор масоили марбут ба пешгирӣ ва мубориза бо ҷароими байналмилалӣ, аз ҷумла терроризм ва ​​ифротгароӣ, қочоқи инсон, қочоқи маводи мухаддир, ҷароими сайберӣ ва дигар падидаҳои ҷиноии фаромиллӣ, ки хатари бузурге барои ҳама башар ба шумор мераванд, баҳс шуд.

Ба манзури афзоиши асарбахшии фаъолиятҳо дар раванди расидагӣ ба парвандаҳои ҷиноӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна ҷинояти байни давлати Тоҷикистон ва давлати Малайзия мувофиқатномаи кумаки ҳуқуқии мутақобил дар парвандаҳои ҷиноӣ имзо шуд.

 

 

Барчасп