Январ 25, 2021 22:18 Asia/Dushanbe
  • Китоби “Тасаввуф дар Эрон” дар оянда ба тоҷикӣ низ тарҷума хоҳад шуд
    Китоби “Тасаввуф дар Эрон” дар оянда ба тоҷикӣ низ тарҷума хоҳад шуд

Тарҷумаи русии китоби «Тасаввуф дар Эрон» ба забони русӣ бо ҳузури шарқшиносони барҷаста ва донишмандони кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар маросиме рӯнамоӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", «Тасаввуф дар Эрон» китобе аз доктор Абдулҳусайни Зарринкӯб, нависанда, муаррих ва муҳаққиқи эронӣ аст, ки ба мутолеаи амиқи таъриху зиндагиномаи маъруфтарин суфиён пардохтааст.

Насим Мирзоев ин китобро ба русӣ тарҷума кардааст ва доктор Бегиҷон Аҳмадов, раиси Бунёди Мавлавӣ ва Малоҳат Мамадова, мудири Маркази мутолеоти Эрон дар донишгоҳи қирғизӣ - русии KRSU вироиши илмии китобро анҷом додаанд.

Китоби “Тасаввуф дар Эрон” дар оянда ба тоҷикӣ, қирғизӣ ва дигар забонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҷума хоҳад шуд.

Ин китоб бо ҳимояти намояндагии фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон ба русӣ тарҷума ва дар 500 нусха чоп ва дар сохтмони Академияи миллии Манас ва Чингиз Айтматов ба ибтикори намояндагии фарҳангӣ дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Қирғизистон рӯнамоӣ шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп