Феврал 04, 2021 10:34 Asia/Dushanbe
  • Азми Қазоқистон барои сохти нерӯгоҳҳои барқи обӣ
    Азми Қазоқистон барои сохти нерӯгоҳҳои барқи обӣ

Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030, 13 нерӯгоҳи обӣ ва 39 обанборро сохта ба истифода диҳад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вазири экологӣ Маъзум Мирзогулӣ, заминшиносӣ ва манобеи табии Қазоқистон дар нишасти давлати ин кишвар дар мавриди эҳдоси 39 обанбор дар саросари ин кишвар то соли 2030 милодӣ хабар дод ва гуфт:  Ҳудуди 2 ҳазор километр аз каналҳои аслӣ бозсозӣ мешаванду илова бар ин 8 махзани ҷадид бо ҳаҷми куллӣ 885 миллион метри мукааб об дар манотиқи мухталифи ин кишвар эҳдос ва маврид баҳрабардорӣ қарор мегиранд. 
 
Вазири энержии Қазоқистон низ дар ин замина гуфт: ҳам акнун гурӯҳи корӣ барои таҳияи пешниҳодоти ҷиҳати тақвияти шабакаҳои барқии минтақаи ҷанубии ин кишварро эҷод кардааст.

 
«Норлан Нагаев » афзуд: Дар чорчӯби тақвияти шабакаҳои барқии минтақаи ғарбӣ дар соли ҷорӣ корҳои тақвиятии шабакаҳои барқӣ бо зарфияти 220 киловатт дар масири « Тангиз - Кулсари - Атирау - Индер - Уралск» оғоз мешаванд.

Ҳамчунин, бинобар суханони вазири энержии Қазоқистон, қарор аст то соли 2025 милодӣ дар минтақаи ҷанубии ин кишвар ҳудуди 1300 мегаватт генератори газӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп