Феврал 04, 2021 22:23 Asia/Dushanbe
  • Баргузории дувумин нишасти омӯзишии Узбакистону Русия

Дувумин нишасти омӯзишии Узбакистону Русия дар баҳору тобистони соли 2021 баргузор мешавад.

 Ба гузориши Садои Хуросон , Абдулқодир Тошқулов-вазири омӯзиши олӣ ва мутавасситаи тахассусии Узбакистон ва Антон Риябоков -муовини раиси дафтари раиси ҷумҳӯри Русия дар равобити байни манотиқӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ дар як дидор , мавзӯи баргузории дувумин нишасти омӯзишии Узбакистону Русияро баррасӣ карданд.

 Тарафҳо дар ин дидор дар мавриди созмондеҳии дувумин нишасти омӯзишии Узбакистону Русия дар 3 моҳаи дувуми соли ҷорӣ , табодули назар карданд.

 Ҳамзамон бо ин нишасти видеоии байниминтақаии руасои донишгоҳҳои бузурги ду кишвар низ баргузор хоҳад шуд.

 Тарафҳо дар ин дидор ҳамчунин афзоиши шуъбаҳои муассисоти омӯзиши олии Русия дар Узбакистону ҳамчунин барномаҳои табодул бо устодону донишҷӯёнро низ баррасӣ карданд.

 Нахустин нишасти омӯзишии Узбакистону Русия бо номи «кормандони ҷадид-барои иқтисоди ҷадид » соли 2018 милодӣ баргузор шуд ,ки ширкаткунандагон дар он нишаст ҳудуди 100 санаду қарордоди байни муассисоти омӯзиши олии ду кишварро имзо карданд.

 

Бештар бихонед: