Феврал 07, 2021 19:35 Asia/Dushanbe
  • Сафари фармондеҳи НАТО дар Афғонистон ба Ҳирот
    Сафари фармондеҳи НАТО дар Афғонистон ба Ҳирот

Фармондеҳи НАТО дар Афғонистон гуфт: Нерӯҳои хориҷӣ ҳамонанди гузашта аз нерӯҳои дифоӣ ва амниятии Афғонистон ҳимоят хоҳанд кард.

Ба гузориши радиои  тоҷикии Садои Хуросон генерал «Скотти Миллер » фармондеҳи НАТО дар Афғонистон дар сафаре ба Ҳирот рӯзи гузашта бо масулони маҳаллӣ ва низомии ин вилоят дидор кард. 

 

Дар ин дидор Саид Ваҳиди Қаттолӣ волии Ҳирот бо қадрдонӣ аз истодагӣ ва муборизаи нерӯҳои афғон дар маёдини набард аз нерӯҳои хориҷии мустақар дар ҳавзаи ғарби Афғонистон, ки дар амри омӯзиш ва ҳимоят аз нерӯҳои афғон фаъолият доранд ибрози хурсандӣ кард ва хоҳони ҳимояти бештар шуд. 

Аз сӯи дигар генерал Скотт Миллер низ бо баёни ин ки низомиёни афғон ба тавонмандӣ барои  дифо аз Афғонистон расиданд гуфт: Нерӯҳои хориҷӣ ва НАТО ҳамонанди гузашта аз нерӯҳои дифоӣ ва амниятии Афғонистон ҳимоят хоҳанд кард. 

Дар ин нишаст фармондеҳи артиш дар ҳавзаи ғарб,  раиси Амнияти миллии Ҳирот, фармондеҳи нерӯҳои хос ва волии Ҳирот вазъияти амниятӣ дар ин вилоятро баррасӣ карданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп