Феврал 16, 2021 21:17 Asia/Dushanbe
  • То ба ҳол 60 дарсад аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян карда шудааст
    То ба ҳол 60 дарсад аз марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян карда шудааст

Намояндаи вижаи ҳукумати Қирғизистон дар умури марзӣ эълом кард, ки музокирот бо Тоҷикистон дар бораи аломатгузории марзи муштараки ду кишвар дар даҳаи нахусти моҳи марти имсол азсар гирифта мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи қирғизии 24 КиҶи   ( 24 . kg ), Назирбек Борубоев гуфтааст, ки ба далели бемории Қамчибек Ташиев, раиси комитети давлатии амнияти миллии Қирғизистон ва масъули ҳайати музокиракунандаи қирғиз ин гуфтгӯҳо ба таъвиқ афтодааст. 

 
Вай иллати идомаи наёфтани музокироти ду кишвар барои аломатгузории марзи муштарак дар соли 2020-ро густариши вируси корона унвон кард ва афзуд: то ба ҳол 60 дарсад аз хутути марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон мушаххас шудааст. 
  
 

Ин дарҳолест, ки ба далели интисоби Аъзам Иброҳим,   муовини собиқи нахуствазир ва раиси ҳайати музокиракунандаи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон ба самти вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон, акнун ин масъулят бар ӯҳдаи Давлатшоҳ Гулмуҳамадзода муовини нахуствазири ин кишвар қарор гирифтааст. 

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки ду кишвар бо вуҷуди беш аз 25 соли музокирот ба далели ихтилоф бар сари манобеи об, чарогоҳҳо ва роҳҳои иртиботӣ танҳо дар мавриди аломатгузории 504 километр аз манотиқи марзӣ ба тавофуқ расидаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп