Феврал 19, 2024 21:07 Asia/Dushanbe
  • Гоми дигари Тоҷикистон ва Қирғизистон барои расидан ба тавофуқи комили марзӣ
    Гоми дигари Тоҷикистон ва Қирғизистон барои расидан ба тавофуқи комили марзӣ

Тоҷикистон ва Қирғизистон ба як тавофуқ бар сари 1.1 километр дар хусуси марзи муштараки худ расиданд то гоми даигареро ба самти як тавофуқи комил дар ин замина бардоранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақли аз ИРНА, шурои амнияти миллии Тоҷикистони имруз душанбе дар баёнияӣ эълом кард ки намояндагони ду кишвар як нишаст дар вилояти Суғд дар мавриди тавофуқи марзӣ баргузор карданд.

Мақомоти Тоҷикистон хотир нишон кард ки ба дунболи кори майдонии як гуруҳ нақша бардори аз ду кишвар, онҳо ба як тавофуқ бар сари 1.1 километр аз марзи муштаракашон даст ёфтанд ва як протоколро имзо карданд.

Шурои амнияти миллии Тоҷикистон изофа кард ки тарафайн ба кор дар қисматҳои дигари марзи мавриди муноқиша дар нишасти оянда ки дар Қирғизистон баргузор мешавад идома хоҳанд дод.

Дар ҷараёни нишасти Бодканд дар Қирғизистон ки аз 30 январ то 5 феврал баргузор шуд як тавофуқ бар сари 90 дарсади марз дар маҷмуи 972 километрии байни ду кишвар ба даст омад ва ба тадриҷи Душанбе ва Бишкек ба самти як тавофуқи комил ҳаракат мекунанд.

Ба далели ихтилофоти марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон танишҳо ва даргириҳо гоҳ ба гоҳ буруз мекунад, ки охирин даргири дар 14 сентябри 2022 рух дод ки ба кушта шудан даҳҳо нафар аз ҳар ду тараф мунҷар шуд.

Барчасп