Декабр 13, 2023 13:10 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҷаласоти коршиносии таъйини ҳудӯди марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Дар дидори ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар хусӯси натоиҷи кори коргурӯҳҳои нақшабардорӣ ва аломатгузории марзӣ ва ҳуқуқии баҳсу табодули назар шуд.

Дар ин дидор, ки дар минтақаи Ботканди Қирғизистон баргузор шуд, ҳайатҳои ду кишвар натоиҷи кори коргурӯҳҳои алоатгузории ҳуқуқӣ дар хусӯси таъйину хаткашии марзҳои давлатиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

Раёсати ҳайатҳои ду кишвар бар ӯҳдаи Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон ва Қимчибек Тошиев ҳамтои қирғиз буд.

Тарафайн ҳамчунин ба мавзӯи тақвияти кор барои такмили пружаи хатти тамос пардохтанд ва дастӯруламалҳои мушаххасеро дар бахшҳои ҷудогона ироа карданд.

Бояд гуфт, ки ин чаҳорумин дидор Ятимов ва Тошиев дар се моҳи ахир аст. Дар ин ҷаласоти ҳудӯди 100 километр аз марзи мавриди тавофуқ қарор гирифт.

Дар охирин нишасти коргурӯҳҳои аломатгузории Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 29 ноябр то 5 декабр дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баргузор шуд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд.

 

Барчасп