Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва Узбакистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i62472
Мақомоти Ширкати давлатии Барқи тоҷик эълом карданд, бо Афғонистон ва Узбакистон тафоҳумномаи афзоиши содироти барқ дар фаслҳои баҳору тобистонро имзо карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 18, 2021 12:55 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва Узбакистон
    Афзоиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва Узбакистон

Мақомоти Ширкати давлатии Барқи тоҷик эълом карданд, бо Афғонистон ва Узбакистон тафоҳумномаи афзоиши содироти барқ дар фаслҳои баҳору тобистонро имзо карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, Муҳаммадумар Асозода муовини аввали раиси Ширкати давлатии Барқи тоҷик гуфт: Аз моҳи апрели соли ҷорӣ содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистони 8 баробар афзоиш хоҳад ёфт. 

 
Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон ҳар шабонарӯз ба Афғонистон 1 миллиону 200 ҳазор киловатт соат нерӯи барқ ​​интиқол медиҳад, ки баҳори имсол ҳашт маротиба афзоиш хоҳад ёфт.

Нархи як киловатт-соат нерӯи барқи Тоҷикистон, ки ба Афғонистон содир мешавад, аз се то чаҳору ним сент муқаррар карда шудааст. Тоҷикистон инчунин дар фасли баҳор ва тобистон ба Узбакистон 1,5 миллиард киловатт соат нерӯи барқ ​​содир хоҳад кард.  
 

 Дар соли 2020, Тоҷикистон аз ҳисоби коҳиш ёфтани захираи об дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон 1,6 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ ​​содир кард, ки ин нисбат ба соли 2019-ум 48 дарсад коҳиш ёфтааст.

 

Бештар бихонед: