Афзоиши ҳамкориҳои Маскав-Тошканд дар соли 2021
(last modified Sun, 21 Feb 2021 08:06:30 GMT )
Феврал 21, 2021 13:06 Asia/Dushanbe
  • Муҳоҷирони корӣ ва тавсеъаи гардишгарӣ : мавриди тавофуқи Русияу Узбакистон
    Муҳоҷирони корӣ ва тавсеъаи гардишгарӣ : мавриди тавофуқи Русияу Узбакистон

Мақомоти порлумонии Русияу Узбекистон дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба, муҳоҷирати корӣ, тавсеъаи гардишгарӣ, иқтисодӣ ва бозаргонӣ дар нишасти он-лайн ба тавофуқ расиданд.

  Ба гузориши хабаргузории Форс панҷумин нишасти комиссиюни ҳамкориҳои байнипорлумонии маҷлиси Сенати Узбекистон ва Русия бо ҳузури Содиқ Сафоев-муовини аввали раиси маҷлиси Сенати Узбекистон ва  Илёс Умахонов-муовини раиси Шӯрои федерасиюни маҷлиси федералии Русия ба сурати видеоконфронс баргузор шуд.

 Дар ин нишаст эълом шуд ҳамкориҳои муассир байни маҷлиси Сенати Узбекистон ва Шӯрои федерасиюни Русия барои тавсеъа ва таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар чорчуби сохторҳои порлумонии муътабари байналмиллалӣ кумак мекунад. Тарафҳо ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи муҷтамаъи зироъӣ ва саноъатӣ дар шароити коронаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд .

  Тибқи баррасиҳои анҷомшуда дар соли 2020  мубодилоти бозаргонӣ байни ду кишвар нисбат ба соли 2019, 1.5 баробар афзоиш ёфтааст.

 

  Бештар бихонед: