Кашфи бузургтарин майдони нафтии Қазоқистон
Дар вилояти Мангистави Қазоқистон кони нафт кашф карда шуд, ки бузургтарин кони нафт дар 30 соли охир аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Эки пресс, «Болтабек Кувондиков» раиси ширкати " Meridianи Petroleum " аз ин кашфи бузург хабар дод .
Ба гуфтаи Кувондиков, дар ҳоли ҳозир иқдомоти лозим барои таъини мизони захоир дар ҳоли анҷом аст.
Вай идома дод: Ин барои Қазоқистон як рӯйдоди таърихӣ аст.Тибқи маълумоти ба даст овардашуда оид ба фишор, суръати ҷараён, коэффисиенти газ ва дигар параметрҳо, майдони Халил Узбекбалаев майдони бузургтарини кашфшуда дар минтақаи Мангистав аз замони истиқлолият ба ҳисоб меравад.
"Ин кашфиёт такони ҷиддии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақа хоҳад буд, инчунин шаҳрвандонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин хоҳад кард" гуфт раиси вилояти Мангистай Серикбай Трумов.
Ин майдон ба номи кашфкунандаи маъруф Халил Узбекбалиев гузошта шудааст.
Хотирнишон мешавад: Тавлиди нафт, бунёни иқтисоди Қазоқистон ва минтақаи Магнистай яке аз манотиқи муҳим барои истихроҷи тиллои сиёҳ аст.
Бештар бихонед: