Тазоҳурот дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон
Мухолифони давлат дар шаҳрҳои мухталифи Қазоқистон тазоҳурот карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, ин таҷаммуъоти эътирозомез дар шаҳрҳои Нурсултон, Алмаат, Актобе, Шимкент ва Уралск баргузор ва бо вокуниши полис мувоҷеҳ шуд.
Бинобар гузориши расонаҳои қазоқӣ, афроди мухталифе бо дидгоҳҳои сиёсии гӯногӯн дар ин тазоҳурот ширкат кардаанд.
Дар ду минтақаи шаҳри Алмаато тазоҳуроти баргузор шуда бо даъвати Мухтар Аблязов, мухолифи табъидии қазоқ сӯрат гирифт ва муътаризон ислоҳоти сиёсӣ ва озодии зиндониёни сиёсиро хостор шуданд.
Тазоҳуркунандагон ҳамчунин аз бе тафовутии давлатмардон нисбат ба қазоқтаборони сокини Шинҷони Чин, ки ба гуфтаи онҳо аз сӯи мақомоти чинӣ мавриди озору азият қарор гирифтаанд, интиқод карданд.
Полис теъдоде аз муътаризонро боздошт кардааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Тазоҳурот дар Қазоқистон: қавонин саҳлтар муҷозот сахттар
- Нақши бозигарони хориҷӣ дар тазоҳуроти зиддидавлатии Қазоқистон