Март 08, 2021 15:41 Asia/Dushanbe
  • Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човуш Уғлу дар ифтитоҳи консулгарии генералӣ дар Самарқанд ширкат варзид
    Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човуш Уғлу дар ифтитоҳи консулгарии генералӣ дар Самарқанд ширкат варзид

Сарконсулгарии Туркия дар шаҳри Самарқанди Узбакистон бо ҳузури вазири умури хориҷаи он кишвар ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия, Мавлуд Човуш Уғлу  дар маросими ифтитоҳи сарконсулгарии Туркия дар Самарқанд гуфт: «Хабари гушоиши ин сарконсулгарииро соли гузашта Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Шавкат Мирзиёев раисони ҷумҳури Туркия ва Узбакистон эълом карданд.» 

 

Вай афзуд: «Туркия нахустин кишваре буд, ки Узбакистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишвари хориҷӣ буд, ки сафорати худро дар Тошканд ифтитоҳ кард.»

Вай ҳамчунин дидори худ бо Раиси ҷумҳурии Узбакистон Шавкат Мирзиёевро нишондиҳандаи аҳамияти равобити ду кишвар барои Анкара донист.

 

Бештар бихонед:

Барчасп