Ройзаниҳои сиёсии Эрон ва Узбакистон дар чорчӯби ҳавзаи тамаддунии Наврӯз
Ҷумҳурии исломии Эрон ва Узбакистон дар чорчӯби ҳавзаи тамаддунии Наврӯз, фасли навине аз ҳамкориҳои дуҷонибаву минтақаиро таҷриба мекунанд.
Дар ин росто, шашумин марҳалаи ройзаниҳои сиёсии вазоратхонаҳои умури хориҷаи Эрон ва Узбакистон дар чорчӯби ҳавзаи тамаддунии Наврӯз рӯзи душанбе дар Теҳрон оғоз ба кор кард.
Ҳайати Узбакистон ба сарпарастии Фурқат Сиддиқов, муовини вазири умури хориҷаи Узбакистон дар иртибот бо ҳамкориҳои дуҷониба бо мақомҳои Эрон ройзанӣ хоҳад кард.
Муқаррар шудааст, ки тарафайн чигунагӣ ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба, тақвияти гуфтугӯҳои сиёсӣ ва равобити байнипарлумонӣ, таҳкими ҳамкории иқтисодиву бозаргонӣ, сармоягузорӣ ва ҳамкориҳо дар умури молӣ – фаннӣ ва афзоиши мубодилоти фарҳангиро баррасӣ кунанд.
Пеш аз баргузории шашумин нишасти ройзаниҳои сиёсии вазоратхонаҳои умури хориҷаи Эрон ва Узбакистон дар чорчӯби ҳавзаи тамаддунии Наврӯз коршиносони Маркази мутолеоти сиёсиву байналмилалии Эрон ва муассисаи мутолеоти стратегӣ ва минтақаии вобаста ба ниҳоди раёсати ҷумҳурии Узбакистон дар нишасте муштарак бар зарурати суръат бахшидани раванди иттисоли хутути ҳамлунақлӣ - лаҷистикии ду кишвар ва сахттар шудани ҳамкориҳои мутақобил ба манзури барқарории сулҳи доимӣ дар Афғонистон таъкид карданд.
Дар ҳамин иртибот, Сайидмуҳаммад Козими Саҷҷодпур, раиси Маркази мутолеоти сиёсиву байналмилалии Эрон дар ин нишаст, ки аз тариқи видео-конфронс баргузор шуд, дар суханоне изҳор дошт: Афзоиши алоқаи маҳофили бозаргонии Эрон ба Узбакистон ва ба таври куллӣ ба ҷумҳуриҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба сиёсати рӯзи минтақаии Тошканд низ бастагӣ дорад.
Дар ҷараёни ин нишаст, Бахтиёр Мустафоев, намояндаи муассисаи мутолеоти стратегӣ ва минтақаии Узбакистон низ дар суханонӣ гуфт : Тағйироти муҳими эҷодшуда дар фазои сиёсии Осиёи Марказӣ дар натиҷаи дипломатияи фаъоли Тошканд барои афзоиши ҷаззобияти сармоягузорӣ ва беҳбудии шохисҳои иқтисодии минтақа кумак кард. Ин воқеиятро набояд нодида гирифт, ки бо рӯйи кор омадани Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон ва ба амал овардани рӯйкардҳои навини ин кишвар дар сиёсати хориҷӣ, умедҳои наве дар иртибот бо бозсозии равобити Узбакистон бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон, аз ҷумла равобити Эрон ва Узбакистон шакл гирифт.
Сарфи назар аз иродаи сиёсӣ ва иштирокоти фарҳангиву таърихӣ, равобити дуҷонибаи Теҳрон ва Тошканд дар ҳавзаҳои ғайрисиёсӣ ҳамчун мубодилоти тиҷорӣ, касбу корҳои хурд ва мавориде из ин қабил, дар ҳоли иртиқо аст.
Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз коршносони минтақаи Осиёи Марказӣ ҳузури Эрон дар ҷумҳуриҳои ин ҳавза, аз ҷумла Узбакистонро заминасози барқарории сулҳу оромиш дар ин минтақаи муҳим қаламдод мекунанд. Ба унвони мисол, Гулӣ Юлдошева, нависанда, рӯзноманигор, таҳлилгари сиёсӣ ва коршиноси масоили байналмилалӣ дар гуфтугӯ бо пойгоҳи хабарӣ – таҳлилии “Узбакистон Тудей” гуфтааст: “Бидуни мушорикати Эрон бо суботсозии минтақаи бузурги Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки шомили Афғонистон низ мешавад, ғайримумкин аст”.
Узбакистон яке аз муҳимтарин ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аст, ки бо 447 ҳазору 400 километри мураббаъ вусъат ва 33 миллион нафар ҷамъият, бо Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон марзи муштарак дорад.
Шароити ин кишвар монанди дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба гунае аст, ки ҳузури пурранги Эрон дар ин кишвар метавонад аз ошуфтагиву парешонии мақомҳои Узбакистон ба мизони зиёде бикоҳад. Бавижа, ки Узбакистон дар маърази таҳдидҳои ҷараёнҳои террористие назири гурӯҳи террористии ДИИШ қарор дорад ва бархе кишварҳои султагаре назири Амрико талош мекунанд шибҳинизомиёни гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар кишварҳои ин минтақа мустақар кунанд.
Ба далели таҷрибиёти Эрон дар заминаи мубориза бо ҷараёнҳои террористӣ, табиист, ки ҳузури пурранги Эрон дар Узбакистон ба суботу амнияти ин кишвар кумак хоҳад кард. Дар ин шароит, қарор гирифтани Эрон ва Узбакистон дар ҳавзаи тамаддунии Наврӯз ва бархӯрдорӣ аз муштаракоти фаровони фарҳангӣ, таърихӣ ва динӣ имкони наздикии ҳар чӣ бештари равобити Теҳрон ва Тошканд ва расонидани ҳаҷми мубодилоти тиҷории ду кишвар ба арзиши як миллиард доллар дар солро муяссар ва имконпазир хоҳад сохт.
Бештар бихонед:
- Ҷашни Наврӯз бо мушорикати 14 кишвари ҳавзаи Наврӯз дар Маскав
- Ҷашни Наврӯз дар Қазоқистон 10 рӯза мешавад